Шариф Назарзода: «Соли 2017 соли мубориза бар зидди ҷинояткорист»

Февраль 9, 2017 16:21

Хабари Исфара Сугд 2ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалигардонии Сратегия ва «Барномаи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд роҳбарияти мақомот ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир ва дар фаъолияти фаврӣ-хизматӣ аз усулҳои нав корбарӣ менамоянд.
Тавре аз мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, бо мақсади татбиқи муқаррароти Барномаи ислоҳоти милитсия роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд тасмим гирифтанд аз фаъолияти мақомот охири ҳар моҳ натиҷагирӣ намоянд.
Дар вилояти Суғд зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти милитсияи вилоят масъалаҳо оид ба самтҳои пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояткорӣ, амалияи маъмурӣ, роҳ надодан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баррасии фаъолияти зерхадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа сардори РВКД дар вилояти Суғд Шариф Назарзода соли 2017-ро барои кормандони милитсияи вилояти Суғд «Соли мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» унвон кард. Инчунин дар ҷаласа аз фаъолияти хадамоти фаврӣ, тафтишот, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кор бо ноболиғону ҷавонон ва дигар самтҳои хизматӣ натиҷагирӣ карда шуд.
«Берун набаромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳое мебошанд, ки бояд ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз чунин рафтор худдорӣ намояд», — таъкид гардид дар ҷаласа.

Февраль 9, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад