Шиори ҷавонони шаҳри Ваҳдат: «Бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем!»

Февраль 1, 2017 09:12

ВАҲДАТ, 1.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат мулоқот баргузор шуд. Дар он муовини Раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода, мудири Бахши кор бо занон ва оила Зарина Одинаева ва мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат Маъруфҷон Азиззода нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин фаҳмониданд. Дар ин бора масъули Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 барои мардуми тоҷик, хусусан барои насли ҷавон фоли нек аст. Ҷавонон бояд ҳамеша фаъол бошанд, масъулияти бузургеро, ки Сарвари давлат ба зиммаашон вогузор кардааст, эҳсос намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон қувваю неруи хешро сарф намоянд. Шиори ҷавонони шаҳри Ваҳдат чунин аст: «Мо — ҷавонони шаҳри Ваҳдат бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем!».

Февраль 1, 2017 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст