«Созандагони Ватан» озмуни «Ватанпарвар» доир мекунанд

Февраль 9, 2017 16:01

SAMSUNG CAMERA PICTURES

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромидошт ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани толибилмони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ баҳри ҳифзи марзу буми Ватан, ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ байни ҷавонон бахшида ба 24-умин солгарди ташкили Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни ҳарбӣ- ватандӯстии «Ватанпарвар» оғоз гардид.
Тавре аз намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон хабар доданд, озмуни мазкур то Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, дар он хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаро гирифта мешаванд.

Февраль 9, 2017 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад