«Созандагони Ватан» ваъда доданд, ки Соли ҷавононро дар сатҳи баланди ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд
ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Барномаи амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҷавонон баргузор шуд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, тамоми шароити мусоид барои таҳсил, кор ва зиндагии арзанда фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳамоиш самтҳои асосии фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе мушаххас карда шуда, вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ байни ҷавонон, истофодаи роҳу усулҳои муосир, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъияти сиёсии кишвар таъкид карда шуд. Фаъолони «Созандагони Ватан» ваъда доданд, ки Соли ҷавононро дар сатҳи баланди ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






