Таъсиси гурӯҳи «Пешоҳанг» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади пешгирии авбошӣ дар байни ҷавонон, бо волидон ва муаллимон (роҳбарони синфҳои болоӣ) дар бинои мактаби миёнаи №40-и ҷамоати Хистеварз бо дастгирии ташкилоти «Дунёи бехатар» (Сейферворлд) ва ташкилоти ҷамъиятии ҳамшарик «АЗИТ» вохӯрӣ доир намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ равоншинос дар мавзӯи «Дилро ба дил раҳест» оид ба муносибати байни волидайн ва фарзандони ноболиғ, корманди милитсия оид ба пешгирии авбошӣ дар байни ҷавонон, намояндаи тиб оид ба пешгирии нашъамандӣ ва нишонаҳои он, ҳамчунин намояндаи мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ оид ба пешгирии авбошӣ ва нашъамандӣ тавассути ҷалби ҷавонон ба бозиҳои варзишӣ сухан гуфтанд.
«Тибқи нақшаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар ҷамоати Хистеварз пешгирии авбошӣ дар байни ҷавонон муайян шуда буд ва аз рӯйи он нақша Гурӯҳи мушоҳидакорон аз ҳисоби талабагони зиёда аз 10 мактаб таъсис дода шуд. Таклиф шуд, ки номи онро «Пешоҳанг» гузоранд, то ин ки барои дигар ҷавонон намуна бошанд»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






