Тоҷикистон дар намоишгоҳи ҷаҳонии «Амбиенте-2017» дар Олмон иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи ҷаҳонии «Амбиенте-2017» дар шаҳри Франкфурти лаби майни Олмон имкони хубе барои пешниҳоди кори ҳунармандони тоҷик ба ҳазорон мутахассисон ва тамошобинони ин намоишгоҳи байналмилалӣ ва ба ин васила муаррифии таъриху фарҳанги бойи миллатамон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, соли сеюм аст, ки намояндагони ширкатҳо ва корхонаҳои ҳунармандии Тоҷикистон дар кори намоишгоҳи байналмилалии ҳунармандии «Амбиенте», ки дар шаҳри Франфурти лаби майни Олмон баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Дар баробари муаррифии кори ҳунармандони кишвар, дар ҳошияи ин барномаи сатҳи ҷаҳонӣ вохӯрию суҳбатҳо байни ҳунармандони кишварҳои гуногун баргузор гардида, садҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Сафорати Тоҷикистон низ ҳамасола дар кори ин намоишгоҳ фаъолона иштирок менамояд.













Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






