Тоҷикистон дар Намоишгоҳи дизайнерии «Амбиенте-2017» ширкат мекунад

Февраль 9, 2017 17:37

ДУШАНБЕ, 09.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии молҳои истеъмолӣ «Ambiente-2017» («Амбиенте-2017») ғурфаи Тоҷикистон амал хоҳад намуд. Ин Намоишгоҳ рӯзҳои 10-14 феврали соли 2017 дар шаҳри Франфурти соҳили Майни Германия  баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия  хабар доданд.

Мавриди зикр аст, ки  «Амбиенте» бузургтарин намоишгоҳи молҳои истеъмолӣ дар дунё мебошад. Ҳар сол садҳо нафар мутахассисони дизайни (зебосозии) муҳити кору хона ва декораторҳои ҳирфавӣ  барои иштирок кардан дар ин ҳамоиш ба Франкфурти соҳили Майн мераванд. Ва ҳар сол ин Намоишгоҳ таҳти сарпарастии ин ё он кишвари узви Иттиҳоди Аврупо доир мешавад. Порсол сарпарасти Намоишгоҳ Италия буд, имсол ҳамоиш таҳти нишони дизайни Британияи Кабир мегузарад.

Намоишгоҳи имсола аз се бахш иборат аст: 1) Dining – зебосозии ошпазхона, зарфҳо, мизу курсӣ; 2) Guving – туҳфаҳо, лавозимот ва ороишот, банду баст ва ғайра; 3)Living – асбобу анҷоми меҳмонхона: мебел, ашёи декорт, ҷиҳози хона. Аз рӯи ин се бахш ҷоизаҳои асосии Намоишгоҳ супорида мешаванд.

 

 

 

 

Февраль 9, 2017 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад