Ҳунарнамоии «Шоҳзодаи араб — Хамакута» дар Сирки давлатии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврали соли равон дар Сирки давлатии Тоҷикистон аввалин намоиши сиркии ҳунармандони Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Миср баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, 12 нафар бандбозон (акробатҳо) ва ширинкорон (каскадёрҳо) аз Москва, ду нафар дорбозон аз Ӯзбекистон ва ду нафар ромкунандаи ҳайвонот аз Миср барои ҳаводорони сирк барномаи шавқовару навро пешниҳод хоҳанд кард.
Дар қисми аввали барнома «Чархи марг» ва «Мото-курра», дар қисми дуюм ҳунарнамоии шербоз бо тахаллуси «Шоҳзодаи араб — Хамакута» аз ҷолибтарин ва диданитарин намоишҳо мебошанд.
Ташаббуси сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби Сирки Москва роҳандозӣ шуда, барномаҳо то 12 март идома меёбанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






