Универсида дар Қазоқистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии зимистона дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо ширкати беш аз ду ҳазор варзишгар аз 57 кишвари олам ба анҷом расид. Се нафар варзишгарони тоҷик Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов аз рӯи гигант слалом (GS) ё слаломи бузург ва слалом ҳунарнамоӣ карданд. Соҳибназари Турсунмурод дар даври аввал бо натиҷаи 1:26.88 ҷойи 74-умро соҳиб шуд. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1:34.33 ҷойи 76-умро гирифт. Вале Дониёр Каримов ба марра нарасид.
Миёни таҷрибадорон варзишгарони мо натавонистанд, ки соҳиби медалҳои бозиҳо гарданд. Дар Универсиада-2017 Россия бо дарёфти 27 нишони тилло, 26 нуқра ва 15 биринҷӣ соҳиби мақоми аввал гардид. Мизбонони чорабинӣ дар маҷмӯъ аз рӯи медалҳои ба дастоварда, мақоми дуюмро касб карданд. Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии зимистона соли 2019 дар шаҳри Красноярски Россия гузаронида хоҳад шуд.
| Ҷой | Кишвар | Тилло | Нуқра | Биринҷӣ | Ҳамагӣ |
| 1 | Россия | 29 | 27 | 15 | 71 |
| 2 | Қазоқистон | 11 | 8 | 17 | 36 |
| 3 | Кореяи ҷанубӣ | 11 | 5 | 5 | 21 |
| 4 | Япония | 6 | 12 | 10 | 28 |
| 5 | Полша | 5 | 2 | 5 | 12 |
| 6 | Италия | 4 | 0 | 0 | 4 |
| 7-8 | Чин | 3 | 2 | 2 | 7 |
| 7-8 | Франсия | 3 | 2 | 2 | 7 |
| 9 | Беларус | 3 | 2 | 1 | 6 |
| 10 | Украина | 2 | 2 | 4 | 8 |
| 11 | Чехия | 1 | 2 | 4 | 7 |
| 12 | Латвия | 1 | 0 | 0 | 1 |
| 13 | Ҳоланд | 0 | 3 | 1 | 4 |
| 14 | Швейтсария | 0 | 2 | 2 | 4 |
| 15 | Олмон | 0 | 2 | 1 | 3 |
| 16-17 | Финляндия | 0 | 2 | 0 | 2 |
| 16-17 | Словения | 0 | 2 | 0 | 2 |
| 18 | Австрия | 0 | 1 | 4 | 5 |
| 19-20 | Австралия | 0 | 1 | 0 | 1 |
| 19-20 | Америка | 0 | 1 | 0 | 1 |
| 21 | Шведсия | 0 | 0 | 3 | 3 |
| 22 | Словакия | 0 | 0 | 2 | 2 |
| 23-24 | Арманистон | 0 | 0 | 1 | 1 |
| 23-24 | Норвегия | 0 | 0 | 1 | 1 |
| Ҳамагӣ | 68 | 68 | 70 | 206[10] | |








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






