ВКД: Ба ҳар қаллоб бовар накунед!
ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зани 41-солаи сокини шаҳри Норак бо гумони даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда моҳи сентябри соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 6 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 3 марти соли 2015 марди 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ба бовариаш даромада, аз ӯ 303 ҳазор сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Ҳамин тариқ, марди 32-соали сокини шаҳри Ҳисор арз намудааст, ки 16 июли соли 2016 марди 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнамегардонад.
«Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад»,- иттилоъ дод манбаъ.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






