Вохӯрии Эстер Тетруашвили бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ

Февраль 3, 2017 10:03

ДУШАНБЕ, 03.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони вазорат бо намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон хонум Эстер Тетруашвили доир гардид.
Тавре аз Вазорат хабар доданд, дар вохӯрӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ сардори Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Зумрад Абдуллозода, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оид ба корҳои илм Каримҷон Солиев ва кормандони масъули Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД иштирок доштанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон эътироф ва қабул намудааст. Дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ба тасвиб расонида шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардида, мавриди амал қарор дорад»,-хабар доданд аз вазорат.

Февраль 3, 2017 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст