Вохӯрии намояндагони Маркази миллии тестӣ бо хатмкунандагони шаҳри Норак
ДУШАНБЕ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва падару модарон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Намояндагони Маркази миллии тестӣ доир ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ихтисосҳо, зарурати истифодаи сомонаи марказ ва кабинети инфиродии довталаб, озмуни тақсимоти довталабон маълумот дода, хонандагон ва падару модарон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






