Ёде аз Абдуалим Ҳайдаров- дурдонаи пурҷилои илми химияи тоҷик

Февраль 10, 2017 14:28

ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 70-солагии Абдуалим Ҳайдаров, узви вобастаи Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, номзади илмҳои биологӣ ҷамъомади озод доир гардид.
Абдусамад Муллоев, муовини Ректори ДДОТ оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор зимни ҷамъомад гуфт: «Ман фикр мекунам, ки Абдуалим Ҳайдаров дар зиндагӣ давлати бузурге дошт, ки ӯро насиб гардида, неруманд, покизарӯзгор ва машҳур гардонид. Ин давлат илм буд, ки мавсуф онро ба нафъи халқу Ватан ва илми тоҷик сарф кард. Устод Ҳайдаров дар ташкили мактаби химикон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва дар рисолати инсонию омӯзгорӣ намунаи ибрат буд».
«Устод Абдуалим Ҳайдаров аз аввалин қадами фаъолияти мустақилона то вопасин нафаси худ бо Донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Ӯ дар тӯли зиёда аз 40 соли фаъолият дар ин даргоҳи муътабар пайваста ба корҳои таълиму тарбияи шогидон ва пажӯҳиши таърихи илми кимиё машғул шуда, китобу дастурҳои таълимӣ ва рисолаву мақолаҳои зиёде навиштааст»,-иброз дошт профессор Сироҷиддин Бандаев оид ба фаъолияти педагогӣ ва илмию ҷамъятии Абдуалим Ҳайдаров.
Дар ҷамъомад ҳамкасбон ва дӯстони зиндаёд Абдуалим Ҳайдаров доир ба ҳаёт ва рӯзгори ӯ хотироти хешро баён карданд.

Февраль 10, 2017 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид