Заминфурӯш ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ Ховар/. Дар суди ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба судшаванда М.А.Низомов бо моддаҳои 338, эзоҳи 1 қисми 2, банди «б», 247 қисми 4 ва 340 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Номбурда тирамоҳи соли 2013 тибқи маслиҳати пешакӣ бо Р.Н. Азизов, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Нури-Алӣ», ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ ба боварии сокини ҳамин ноҳия Ф.М. Нуралиев даромада, дидаву дониста, ки замин моликияти истисноии давлат мебошад, ба ивази 12500 доллари ИМА ба ӯ 0,05 гектар қитъаи замини корами обии хоҷагии деҳқониро ғайриқонунӣ вобаста намудааст. Ӯ дар ин хусус бо роҳи сохтакорӣ қарори раиси ҷамоати деҳоти Оққурғонро аз 29 апрели 2004 дар бораи ба номи ҳамсари ӯ ҷудо намудани қитъаи замини мазкур тартиб додааст.
Тавре аз Маркази матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, нисбат ба М.А. Низомов бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаҳои номбурдаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин гардид.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






