Ҳаким Фузайлов аз бозии дастаи мунтахаб қаноатманд нест

Март 29, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 29.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Баъди бохти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 аз дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 2:1 сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ба саволҳо андешаҳояшро баён намуд.
«Дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ман гуфта будам, ки дар ин сатҳи бозиҳо дастаҳои суст нестанд. Ба ин нигоҳ накарда, бояд дастаи мунтахаби мо дар ин бозӣ ғалаба мекард, аммо ман бори аввал дидам, ки футболбозони мо бепарвоёна нисбат ба ҳариф бозӣ мекунанд. Онҳо пиёда хостанд ҳарифро мағлуб кунанд, вале футбол хеле пеш рафтааст, ин тавр бозӣ карда, ба ғалаба комёб шудан мумкин нест. Бохти мо ҳаққонияти имрӯза аст. Аз чашмони бозингарони яманӣ шӯъла меборид, барои ҳар як тӯб мубориза мебурданду қувваи худро дареғ намедоштанд. Афсӯс, ки футболбозонро ба худ оварда натавонистем. Онҳо бо дили нохоҳам, назарногирона рафтор карданд. Ба ин сурат ғалаба ҳеҷ гоҳ худ аз худ намеояд. Барои пирӯзӣ мубориза барои ҳар як тӯб дар ҳар мавқеъ зарурат дорад, он вақт натиҷа ҳам мешаваду ғалаба ҳам».
Ба гуфтаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ рӯҳияи мубориза барои ғалаба дида намешуд. «Он ваҳдату ягонагие, ки пештар дар даста буд, дар ин бозӣ ба чашм нарасид. Барои чӣ ин тавр шуд, меомӯзем. Бе ҳавсала ба майдон омадан маъно надорад. Имрӯз ҳар ду голро мо худамон ба дарвозаамон овардем.
Ба бохт нигоҳ накарда, фикр мекунам, ки ҳама натиҷаҳо ҳамоно дар пешанд. Албатта, бохтан ва имтиёз нагирифтан аламовар аст. Ин футбол аст, мо бояд аз камбудиҳо хулосаи зарурӣ барорем. Маҳз аз ин бохте, ки содир шуд»,-иброз намуд Ҳаким Фузайлов.

Март 29, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад