Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд мусобиқаи қайиқронӣ доир гардид
ХУҶАНД, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ҳамчунин дар доираи эълони Соли ҷавонон дар тамрингоҳи «Сирдарё»-и маркази вилояти Суғд 11-12 март мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба қайиқронӣ байни ҷавонон баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳадафи мусобиқаи мазкур аз тарғиби қайиқронӣ ва ҳамзамон муайян намудани варзишгарони беҳтарин барои дастаи яккачини шаҳри Хуҷанд иборат буд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 60 нафар варзишгарон аз рӯи 6 намуд дар масофаҳои 1100, 1200 ва 1500 метр байни писарон ва 2 намуд дар масофаи 1200 ва 1500 метр байни духтарон дар намудҳои каноэ ва қайиқ кувваозмоӣ намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






