Барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» байни наврасону духтарон мусобиқаи теннис оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 марти соли равон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» доир гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-2 ва Суғд иштирок доранд.
Мусобиқа то 24 март идома ёфта, ғолибон бо ҷоми «Пойтахт 2017», медал ва дипломҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол байни бонувон ва теннис байни наврасону духтарон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» роҳандозӣ шудааст .








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






