Баррасии лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумон

Март 6, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 06.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аъзои Шӯро Ҳилолбӣ Қурбонзода -раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ тавзеҳ дода, гуфт: «Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба иҷрои банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012 — 2015» таҳия ва пешниҳод гардидааст».
Лоиҳаи Кодекси тандурустӣ аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ бо мақсади татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ танзим менамояд. Он инчунин ба низоми тадбирҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, ки ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, нигоҳдории беҳдоштӣ ва санитарии ҷамъиятӣ ва таҳкими солимии ҷисмонию рӯҳии ҳар як инсон ва дарозумрӣ равона гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо қабули Кодекси тандурустӣ ҳамчун қонуни ягона ва мураттабгашта 16 санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда беэътибор дониста мешаванд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ва доир намудани муҳокимаи парлумонӣ оид ба ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар соли 2016 баррасӣ гардиданд.

Март 6, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид