Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд

Март 30, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми тоҷик бо касбу ҳунарҳои анъанавии худ қариб дар тамоми рӯи дунё маъмулу машҳур буданд. Чеварӣ, заргарӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ ва даҳҳо ҳунарҳои дигарро метавон ном бурд, ки занони тоҷикон офаридаю то кунун ба онҳо машғуланд. Яке аз ҳунарҳои зебои қадимии халқи тоҷик порадӯзӣ мебошад. 

– Санъати порадӯзӣ- ин дӯхтани маснуоти мухталифи хонагӣ ба таври пайваст кардани порчаҳо ё боқимондаҳои матоъ ба ҳамдигар мебошад. Дар замони гузашта ин тарзи дӯхтани матоъ дар байни халқҳои мухталифи дунё ривоҷ ёфта буд. Дар замони муосир занони ҳунарманд ин касбро ба сатҳи волои ҳунарӣ расонидаанд.  Занони тоҷик имрӯз аз ин навъи ҳунари мардумӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки порадӯзӣ навъе аз усули гулдӯзии матоъ буда, аз пораҳои матоъ нақш офарида мешавад. Чеварҳо пораҳои хурди матоъро қат карда, паҳлуи ҳам мегузоранд, сипас аз болояш пораи дарозтарро ниҳода, бо мошина ё дастӣ медӯзанд. Занони ҳунарманди халқи тоҷик аз пораҳои матоъ дастархон, чодари арӯсӣ, кӯрпаю кӯрпача, болиштпӯш ва чойникпӯш омода мекунанд.

Ба иттилои ҳунармандон, сараввал матоъро интихоб карда, онро ба шаклҳои гуногуни геометрӣ  пора мекунанд ва бо намудҳои мухталиф пайи ҳам гузошта, бо мошина медӯзанд. Дар замонҳои пеш ҷараёни дӯхтани ин навъи ҳунар дастӣ анҷом дода мешуд. Баробари тараққиёти илму техника акнун онро ба воситаи мошинаи махсуси дарздӯзӣ омода мекунанд.

Онҳо маҳсулоти порадӯзиро бо ду навъ  омода мекунанд: якум аз латтапораҳое, ки боқимондаи либосҳои порашуда мебошанд ва дуюм матоъро гирифта, махсус пора намуда, порадӯзӣ мекунанд. Аз навъи якум асосан ҷиҳози хона, аз қабили дастархон, астараки нонпечонӣ, кӯрпачаҳои кӯдакона дӯхта мешавад. Аз навъи дуюм танҳо ҷиҳози арӯсон-  кӯрпаю кӯрпача, остинчаю рафида ва барои гаҳвора рӯйпӯшу болишт дӯхта мешавад. Дар баъзе минтақаҳо ҳунармандон барои ҷиҳози арӯсон супориш гирифта, ҳамаи он ҷиҳозро аз матоъҳои нави якранг пора намуда, омода мекунанд.

Порадӯзиро дар ҳар минтақа ҳар гуна ва бо намудҳои гуногун омода месозанд, ки аз ҳама маъмули он қӯӣ ва чашми гов буда, дар баъзе ноҳияҳо онро секунҷа ва чоркунҷа мегӯянд. Занони ҳунарманд ба мушкилии ин ҳунар нигоҳ накарда, тавассути он ҳам ниёзи мардум ва ҳам рӯзгори худро таъмин менамоянд.

Ҳунари порадӯзӣ дар байни сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  маъруфу маъмул мебошад.

Маҳсулоти порадӯзӣ аз матоъҳои якранг, гулдору симин дӯхта мешаванд. Ҳунармандон онро аз матоъҳои якранг бо омехтаи нақшҳои гулдӯзӣ тайёр мекунанд. Имрӯзҳо куртаҳои чакан ва атласеро вохӯрдан мумкин аст, ки бо пора ороиш ёфтаанд. Инчунин барои хона ва арӯсон аз матоъҳои якранг кӯрпаю кӯрпачаҳо медӯзанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ пайваста фестивалу озмун ва намоишу фурӯши махсулоти хунармандӣ гузаронида мешавад. Ба роҳ мондани чунин чорабиниҳо ба ташвиқ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ҳунармандон, ҷалби сайёҳон ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки ҳунарҳои қадимии тоҷикон ба наслҳои нав омӯзонида шаванд, барои занону духтарон ҷойи нави кор таъсис дода шавад ва маҳсули дасти онҳо дар бозорҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардад.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 30, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард