«Барселона» дар мусобиқоти Ла-Лига аз «Реал» пеш гузашт

Март 2, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 02.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Баъди даври 25-уми мусобиқоти Ла-Лигаи Испания «Барселона» аз «Реал» пеш гузашта, ба зинаи аввал баромад. Ин дар ҳоле рух дод, ки дастаи «Реал»-и Мадрид дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» дастаи «Лас-Палмас»-ро мағлуб карда натавонист ва вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба анҷом расид.
«Барселона» имконияти хуби аз «Реал» пеш гузаштанро истифода бурда, бар «Спортинг»-и Хихон дар варзишгоҳи «Камп Ноу» бо натиҷаи калони 6:1 ғалаба кард. Ин пирӯзӣ ба «Барселона» имкон дод, ки бо фарқи 1 имтиёз аз клуби футболи шоҳона пеш гузарад, аммо «Реал» нисбат ба «Барселона» як бозӣ кам гузаронидааст.
Чемпионати Испания. Даври 25-ум:
«Реал» — «Лас-Палмас« — 3:3 (1:1)
Голҳо: Иско, 8 (1:0). Тана, 10 (1:1). Вийера, 56 — пен (1:2). Боатенг, 59 (1:3). Криштиану Роналду, 86 — пен (2:3). Криштиану Роналду, 89 (3:3).
«Барселона» — «Спортинг» — 6:1 (3:1)
Голҳо: Месси, 9 (1:0). Родригес, 11 — автогол (2:0). Кастро, 21 (2:1). Л.Суарес, 27 (3:1). Пако Алкасер, 49 (4:1). Неймар, 65 (5:1). Ракитич, 87 (6:1).
Ҷадвали мусобиқот баъди даври 25-ум:

 

 
Ҷадвали мусобиқот баъди даври 25-ум
 
М  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1  БАРСЕЛОНА 25 17 6 2 71-21 57
2  РЕАЛ МАДРИД 24 17 5 2 63-25 56
3  СЕВИЛЬЯ 24 16 4 4 48-29 52
4  РЕАЛ СОСЬЕДАД 25 14 3 8 39-34 45
5  АТЛЕТИКО 24 13 6 5 44-21 45
6  ВИЛЯРРЕАЛ 25 11 9 5 36-19 42
7  ЭЙБАР 25 11 6 8 41-33 39
8  АТЛЕТИК 24 11 5 8 31-29 38
9  ЭСПАНОЛ 25 9 9 7 35-33 36
10  СЕЛТА 24 10 5 9 39-39 35
11  АЛАВЕС 25 8 9 8 25-31 33
12  ЛАС-ПАЛМАС 25 7 8 10 35-39 29
13  ВАЛЕНСИЯ 25 8 5 12 35-43 29
14  БЕТИС 24 7 6 11 25-38 27
15  МАЛАГА 25 6 8 11 32-42 26
16  ЛЕГАНЕС 25 5 6 14 20-40 21
17  ДЕПОРТИВО 23 4 7 12 26-39 19
18  ГРАНАДА 25 4 7 14 24-53 19
19  СПОРТИНГ 25 4 5 16 27-54 17
20  ОСАСУНА 25 1 7 17 25-59 10

 

Март 2, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад