Бо сармураббиёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой» пеш аз бозии Ҷоми КФО нишасти матбуотӣ доир шуд

Март 13, 2017 14:48

ДУШАНБЕ, 13.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Атлас» нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки пагоҳ соати 18:30 дар вохӯрии даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бо ҳам қувва меозмоянд, баргузор гардид.
Сараввал сармураббии дастаи «Дордой» Мурат Ҷумъакеев ва капитани ин даста Курсанбек Шератов ба саволҳо ҷавоб гуфта, изҳор карданд, ки «Дордой» барои вохӯрӣ бо дастаи «Истиқлол» тайёрии пухта дидааст, вале иштирок накардани бозингарон Анатолий Власичев, Марат Аджиниязов ва Азиз Сиддиқов бо ҷурми кортҳои зард метавонад ба бозӣ таъсир гузорад.
Сармураббӣ гуфт: «Дар гурӯҳи мо чемпионҳои Осиёи Марказӣ ҳузур доранд ва мо бо онҳо бозӣ мекунем. Кадом даста дар гурӯҳ беҳтарин аст, пешгӯӣ кардан имкон надорад. Беҳтаринҳоро бозиҳо нишон медиҳанд. Хуб аст, ки дар гурӯҳи «Д» ду даста аз Қирғизистон ширкат меварзад. Мо вохӯриҳоямонро дар кишварамон барпо мекунем ва ин гуворо аст»
Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии дастаи «Истиқлол» ва легионери нави душанбегиҳо Дмитрий Барков (Россия) низ аз тайёрии хуби дастаи «Истиқлол» хабар доданд. Мӯҳсин Муҳаммадиев гуфт: «Пагоҳ барои мо ид аст, зеро мо ба бозиҳои Ҷоми КФО аз моҳи декабр омодагӣ мегирем. Мо бозиҳои дастаи «Дордой»-ро омӯхтем ва маълумоти кофӣ дорем. Дар бораи мақсади даста дар гурӯҳ ҳарф заданӣ нестам. Пагоҳ аввалин вохӯрӣ ба ин саволҳо ҷавоб хоҳад гуфт. Фарҳод Восиев лат бардоштааст ва иштирокаш дар бозӣ зери шубҳа мебошад. Мехоҳем дар бозӣ бо «Дордой» мухлисони худро шод гардонем».
Дмитрий Барков моҳи сеюм аст, ки дар дастаи «Истиқлол» ҳузур дошта, аз муносибати байниҳамдигарӣ дар даста қаноатманд аст. «Рӯҳияи бозингарон болида аст ва мо танҳо бо мақсади ғалаба ба майдон меоем»,-иброз дошт Дмитрий.
Ёдрас мешавем, ки пагоҳ соати 18:30 дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Истиқлол»-и Душанбе дар аввалин бозии гурӯҳии Ҷоми КФО бо «Дордой» қувва месанҷад.
Баъд аз анҷоми вохӯрӣ бозии лотерея (аз рӯи билетҳо) гузаронида мешавад ва ғолибон сазовори телефони мобилии навтарин, ноутбук ва планшет мегарданд.

ФУТБОЛ Пресконфренсия (8) ФУТБОЛ Пресконфренсия (2)

Март 13, 2017 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад