Далер Мерганов: «Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвараш фармони баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаро содир кардааст»

Март 6, 2017 16:32

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, аз  аввалин ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар робита ба масъалаи мавриди назар буда, ба маънои рамзиаш  занони кишварро паси фармон овард.

Роҳбари мамлакат мунтазам ба занону модарон арҷ гузошта, дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».

Муболиға нахоҳад буд агар гўем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ  қарор надоштанду надоранд. Муҳимтар аз ҳама, марҳилаи ба тасвиб расидани фармони мазкур низ вақти хеле  камро дар бар гирифта, пайомадҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш ба бор овард.

Пайгирии масъалаи мазкур собит намуд, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвараш чунин фармонро содир кардааст. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун замина барои таҳия, қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»,  қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997   «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ  дар ҷумҳурӣ»,  «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ  оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010»,   Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  мусоидат намуд.

Коршиносон низ ба он назаранд, ки шурўъ аз ҳамон вақт таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон қисми таркибии сиёсати давлатӣ  интихоб ва эътироф гашт, ки он дар «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ  оид ба таъмини хуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» возеҳу равшан инъикос ёфтааст.

Шоистаи зикр аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияҳои байналхалқӣ  «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи занон» (қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993), «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан»-ро (қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1999) ба тасвиб расонд. Дар маҷмўъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ  ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид.

Дар натиҷаи амалӣ  гаштани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки меҳвари матлаби мазкур маҳсуб мешавад, шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ  зиёд шуд. Агар ба далелу арқоми он вақт мутаваҷҷеҳ шавем, пас соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ , 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Маҳз дар ин давра зиёд шудани намояндагии занон дар  сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот – ҷамоатҳо тамоюли афзоишро касб намуда, соли зикршуда (2005) чор зан раиси шаҳр ва ноҳия шуда кор мекарданд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2006 аз 15718 нафар кормандони дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ  фаъолиятдошта 3767 нафарро занон ташкил медоданд. Имрўз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ  ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ  қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ  23 фоизро занон ташкил медиҳанд. Дар солҳои истиқлолият барои таҳсили духтарон шароити муносиб муҳайё карда шуд. Дар ин давра беш аз 120 ҳазор нафар духтарон, аз ҷумла 6 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуданд. Тибқи иттилои дастрасшуда, имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ беш аз 30 ҳазор нафар, таҳсилоти олии касбӣ зиёда аз 53 ҳазор нафар, аз ҷумла дар хориҷи кишвар қариб сеюним ҳазор нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  Ҳамрадиф бо омилҳои дигар, таъсиси грантҳои президентӣ мусоидат намуд, ки фаъолияти соҳибкории занон хеле густариш ёфта, онҳо баробари беҳтар намудани шароити оилавии худ ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири бевосита расонанд. Ҳамин иқдом боис шуд, ки бонувони зиёд ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварданд ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис доданд. Барои мисол, агар дар оғози даврони истиқлолият шумораи занони соҳибкор ҳамагӣ 64 нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи корхонаҳои хурду миёна, ки роҳбаронашон занону духтарон мебошанд,  қариб ба 3000  расида, зиёда 126 ҳазор нафар занону духтарон ба соҳибкории инфиродӣ машғул мебошанд. Эътироф ва арҷгузорӣ  бояд кард, ки ин ҳама нишонаи дастгирии занону духтарон буда, аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумат ба онҳо дарак медиҳад.

Аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки айни замон дар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти марказии идоракунӣ, инчунин дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беш аз 8 ҳазор нафар занону духтарон фаъолият карда, 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд. Аз шаш ҳазор нафар духтароне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд, беш аз панҷ ҳазор нафарашон дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд ва 125 нафари онҳо дар мансабҳои роҳбарӣ ба нафъи давлату ҷамъият бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд.

Зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Сарвари давлат дастур доданд, ки «барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар намоем ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад».

Омилҳои мазкур далели бебаҳси таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва мақоми олии намояндагӣ  ва қонунгузори мамлакат ба масоили занон буда,  яко — яки моро мебояд суханони Пешвои миллат — «Ба ҷавонмардони миллат хотиррасон месозам, ки ба қадри шири сафеди модар ва заҳмати ӯ расед, модарону занони худро самимона дӯст доред, доим пуштибони онҳо бошед ва коре кунед, ки модарону занони тоҷик на ашки ғаму ғусса, балки фақат ашки шодӣ резанд», — сармашқи зиндагии худ қарор диҳем.

 

 

Далер МЕРГАНОВ,

муовини сармуҳаррири

рӯзномаи «Садои мардум»

Март 6, 2017 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»