Дар Душанбе Конфронси илмӣ- амалии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» доир гардид

Март 13, 2017 10:45

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе Конфронси илмӣ-амалии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат»-ро баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар конфронс масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе, волонтёрон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Самандар Абдуллоев, директори Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе доир ба дастгириҳои давлату ҳукумати кишвар нисбат ба қишри ҷавон ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин иштирокчиён Шукрона Ҳакимова, Аминҷон Қурбонов, Суҳайл Асрорзода, Ҳофиз Сангаков, Дилноза Қурбонзода, Шариф Сайфҳусейнов ва Аминҷон Абдуллоев маърӯза намуданд.

Март 13, 2017 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст