Дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар шаҳри Ваҳдат 8 нафар ба ҳалокат расида, 17 нафар бистарӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Ваҳдат 8 нафар ҳалок ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 11 март, тахминан соати 14:30 ронандаи мошини тамғаи ЗИЛ-130, марди 41-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, пас аз маросими дафн, ҳангоми бозгашт аз қабристони ҷамоати деҳоти Баҳор дар ҳудуди қабристони мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро чаппа намудааст.
Дар натиҷа 6 нафар мусофирони мошини мазкур: мардҳои 35, 32, 57-солаи шаҳри Душанбе, марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва марди 22-солаи сокини ноҳияи Нуробод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин 19 нафар мусофирони дигари мошини мазкур: сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд. Пас аз чанд муддат ду нафар ҷабрдидагон дар беморхона ба ҳалокат расиданд.
«Таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад»,- хабар медиҳад сомонаи ВКД.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






