Дар шаҳри Хуҷанд ба кӯдакони ятиму маъюб туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд

Март 25, 2017 10:16

ХУҶАНД, 25.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили Наврӯзи хуҷастапай ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи табобатии хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарпастон туҳфаҳои идона супорида шуданд.
Тавре ба мухбири  АМИТ «Ховар» масъулини Хонаи кӯдакони шаҳр иттилоъ доданд, дар ин муассиса зиёда аз 65 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, зери ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд.
Ба иттилои бахши иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Наврӯзи Аҷам чунин як хони идона дар маҷмааи кӯдакистони махсус барои кӯдакони кувваи босираашон суст ва нобино баргузор карда шуд. Дар ин рӯз кӯдакони ин муассиса барои меҳмонону сарпарастони хеш барномаи рангини идона намоиш доданд.

Март 25, 2017 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад