Дар Тоҷикистон бадминтон рӯ ба инкишоф мениҳад

Март 30, 2017 17:30

ДУШАНБЕ, 30.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозии бадминтон дар Тоҷикистон рӯ ба инкишоф мениҳад. Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар соҳаҳои гуногуни варзиш, ки дар ҷаҳон маъмулу машҳуранд, эҳё мегарданд. Ҳукумати мамлакат ба рушду инкишофи соҳаҳои олимпии варзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад ва бадминтон низ шомили бозиҳои олимпист ва дар ҷумҳурӣ ҳаводорони зиёд дорад. Бо мақсади тақвият бахшидан ба мактаби мураббиёни ин намуди варзиш семинари омӯзишӣ дар Мактаби байналмилалии Душанбе таи як ҳафта барои мураббиён ва варзишгарони соҳаи бадминтон дар доираи барномаи «Вақти волан» ба роҳ монда шуд.
Дар ин маъракаи манфиатовар мураббии созмони осиёии федератсияи бадминтон ба 25 нафар мураббиёни маҳаллӣ аз усулу навгониҳои соҳа дарс гуфт. Баъди анҷоми машғулиятҳо мураббиён ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бозомӯзиро дарёфтанд. Ҳамзамон барои дар вилояти Бадахшон таъсис додани намояндагии Федератсияи бадминтон ба масъулини минтақаи номбурда лавозими бадминтон тақдим гардид. Бо ин иқдом дар вилояти Бадахшон ба рушду инкишофи ин риштаи варзиш ҳамакнун заминаи муътамад гузошта шуд.
Бадминтонбозони вилоятҳои Суғду Хатлон аллакай ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар баробари иштирок дар мусобиқоти дохили кишвар, имкон пайдо кардаанд, ки дар мусобиқоти Осиё низ зери Парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кунанд.
Марҳалаи омӯзишии мазкур ба андешаи таҳлилгарони соҳа, боз як гоми устуворест дар самти тақвияту тавсеаи ин намуди олимпии зебову нодири варзиш дар Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии роҳбарияти Федератсияи миллии бадминтони мамлакат аз ҳамин ихтисос мегирад.

Март 30, 2017 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд