Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Қатар рафт
ДУШАНБЕ, 27.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 март барои гузаронидани бозии аввалини расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Яман ба шаҳри Давҳаи Қатар рафт ва 26 март нахустин тамринҳои худро дар ин сарзамин оғоз кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар Ҳаким Фузайлов бо ёваронаш ба ғайр аз машқҳои ҷисмонӣ боз паҳлӯҳои тактикии бозиро бо дастаи мунтахаби Яман роҳандозӣ карданд.
Имрӯз дар шаҳри Давҳа конфронси матбуотии сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Яман баргузор мешавад. Шоми ҳамин рӯз футболбозони тоҷик машқҳои пешазбозии худро дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад мегузаронанд.
Ёдрас мешавем, ки 28 март соати 21:00 бо вақти Душанбе бозии дастаи мунтахаби Яман ва Тоҷикистон дар гурӯҳи «F»-и бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019 дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад доир мешавад.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






