Доварони бозиҳои даври дуюми чемпионат таъйин шуданд
ДУШАНБЕ, 11.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон масъулини бозиҳои даври дуюми чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олиро, ки 12-ум ва 13-уми март баргузор мешаванд, таъйин кард.
Ду бозии даври навбатӣ дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор гузаронида мешаванд. 12 март «Барқчӣ» бо «Регар-ТадАЗ» ва 13 март «Панҷшер» ва «Ҳосилот» қувва меозмоянд. «Панҷшер» ба сабаби омода набудани варзишгоҳи ба номи Ӯктам Маматов дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Варзишгоҳи шаҳри Ҳисорро барои гузаронидани бозии хонагии худ интихоб кардааст.
Чемпионати Тоҷикистон. Даври 2
12 март (якшанбе)
Оғози бозӣ: 14:00
«Хуҷанд» «Вахш»
Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Норак).
Ёварони довар: Исмоил Нуралиев (Норак), Абдурашид Муродов (Турсунзода).
Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Худҷанд).
Нозири доварон: Турдибек Кушназаров (Гулистон).
Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).
Худҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
«Баркчӣ» «Регар-ТадАЗ»
Довар дар майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Ёварони довар: Ҳасан Каримов (Норак), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Комил Раҳмонов (Ҷайхун).
Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
13 март (душанбе)
Оғози бозӣ: 16:00
«Панҷшер» «Ҳосилот»
Довар дар майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Ёварони довар: Вафо Қараев (Шаҳринав), Рустамбек Хуҷаев (Кабодиён).
Довари эҳтиётӣ: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






