«Эҳтирому қадрдонии заҳматҳои модар қарзи ҳар як инсони баномус аст»-бардошт аз маҳфили идона дар Бадахшон

Март 7, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муносибати истиқболи Рӯзи Модар барномаи идона баргузор гардида, дар он ҳайати шахсии Раёсат, афсарон ва сарбозони қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии ВКД дар ВМКБ, бонувон-собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилоят иштирок намуданд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ хабар доданд.
Дар ҷамъомади идона сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Абдулваҳоб Искандарзода аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳамаи занон ва бонувони собиқадори милитсияро бо ҷашн табрик намуда, гуфт, ки боло бурдани мақому мартабаи зан пайваста дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд садо дода, нишони таваҷҷуҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба фаъолияти занон мебошад.
Зикр гардид, ки бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст.
Дар маҳфили идона муовини сардори РВКД дар ВМКБ Ғайратшо Муборакшозода иброз дошт, ки «бо эҳтирому самимияти беандоза ин рӯзи фархундаву файзбахш ва хотирмонро ба модарон ва дар симои онҳо ба тамоми занону духтарон табрик гуфта, барояшон тансиҳатию хонаободӣ, зиндагии шоиставу ҳаёти хуррамона, хотирҷамъӣ ва бахту саодат таманно менамоям».
Сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РВКД дар ВМКБ Мушк Абдумамадзода зикр кард, ки ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар ва ба феҳристи ҷашнҳои расмии давлатӣ ворид намудани он гувоҳи равшани мақому манзалати баланди зан дар кишвари тоҷикон аст.
Барои зоҳир намудани маҳорат ва малакаи баланди касбӣ ва ба муносибати Рӯзи Модар бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонувон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони вилоят медалу нишонҳои сарисинагӣ, сипосномаҳо, раҳматномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.

Март 7, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд