Хатлон: хатнасури 1136 писарбача ва тӯйи 91 ҷуфт ҷавонон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз
ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафа ва рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба аҳолии ниёзманд, ятимон ва маъюбон расонидани кумакҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хатнасури 1136 писарбача ва тӯйҳ домодию арӯсии 91 ҷуфт фарзандони оилаҳои ниёзманд гузаронида шуд.
Тавре аз шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии вилояти Хатлон хабар доданд, дар давоми соли 2017 бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша ба муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакону наврасони ятим, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, шаҳрвандони ниёзманд ва оилаҳои тангдасту камбизоат, инчунин ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудаанд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






