Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»

Март 25, 2017 11:42

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тамошои барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғд ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар назди ин кохи муҳташам қомат афрохтааст, гулчамбар гузоштанд.
Кохи «Суғдиён», ки соли 2016 дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, барои аҳли ҳунару фарҳанги вилояти Суғд дастоварди беназир ба ҳисоб меравад.
Шурӯъ аз рӯзҳои аввали фаъолият дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» ба таъсиси ансамблҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши ҳунарҳои навозандагию овозхонӣ ва тамоми намуди рақс таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Натиҷаи ҳамин аст, ки бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин муассисаи фарҳангӣ панҷ дастаи ҳунарӣ:- ансамбли рақсии «Зебо», ансамбли рақсии ба номи Ғаффор Валаматзода, ансамбли ҳунарии созҳои миллии «Сайҳун», ансамбли созию овозии ба номи Борбад ва дастаи рақсии балет таъсис дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷалби наврасону ҷавонон ба фарҳанг озмун ташкил карда шуда, наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди аз 14 то 27 — сола аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба кор қабул гардиданд.
Айни замон дар панҷ ансамбли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» 238 нафар, ки бештари онҳоро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, фаъолият доранд.
Барномаи мукаммали консертӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин арзёбӣ гардид, аз ҷониби ҳунармандони панҷ ансамбли навтаъсиси назди Кохи фарҳанги «Суғдиён» бе истифодаи фонограмма ё худ ба таври зинда манзури иштирокдорон карда шуд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои наврасону ҷавонони соҳибистеъдод, ки имрӯз маҳорати худро дар бахшҳои овозхонию навозандагӣ ва рақс нишон доданд, баҳои баланд дода, баргузории чунин барномаҳои фарҳангиро дар рушду нумӯи ояндаи санъати миллӣ ва муосири тоҷик муҳим маънидод намуданд.

Март 25, 2017 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд