Иштироки С.Аслов дар чорабинии сатҳи баланд «Тағйирёбии иқлим ва Рӯзномаи рушди устувор»
ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 23 марти соли 2017 дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва Рӯзномаи рушди устувор» ширкат ва суханронӣ намуд.
Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ки Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлимро ба тасвиб расонидааст, ки он пояи мустаҳкамеро барои иқдомҳои муштараки минбаъда дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таъмин хоҳад кард.Таъсири афзояндаи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба вазъи экологии кишвар, аз ҷумла таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдору сифати захираҳои об низ зикр гардид.
С. Аслов ҳамчунин ба аҳамияти тасдиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи асосии рушди устуворро ташкил медиҳанд таъкид намуда, ёдрас кард, ки Тоҷикистон Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи миллӣ барои коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлимро қабул намудааст. Тазаккур дода шуд, ки Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия шуда истодааст ва дар он таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйиёрбии иқлим дода хоҳад шуд.








Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд






