«Истиқлол» ба бозии Суперҷом тайёрӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 02.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе ба бозии Суперҷоми мамлакат тайёриро пурзӯр менамояд. Футболбозони «Истиқлол» дар мавсими соли 2017 аллакай соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи кишвар гаштанд. Мусобиқа барои Суперҷоми кишвар бо барандаи медалҳои нуқраи мавсими футболи соли 2016 -«Ҳосилот»-и Фархор аз бозиҳои муҳим дар мавсими футболи соли 2017 арзёбӣ мегардад. Бори аввал вохӯрӣ барои Суперҷом 4 март дар Варзишгоҳи 25 000-нафараи шаҳри Ҳисор гузаронида мешавад.
Тайёрии «Ҳосилот»-и Фархор ҳам ба ин вохӯрии муҳим аз ширкаташ дар силсилаи бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дарак медиҳад. Чор бозии расмии футболбозони Фархор бо «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон (1:0,1:1) ва «Дордой»-и Қирғизистон (0:1,1:1) таҷрибаи хубе хоҳанд буд барои ин бозӣ. Аз тарафи дигар «Дордой» ҳарифи навбатии «Истиқлол» дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО ба шумор меравад ва мо дар қиёс ба бозии «Истиқлол» баҳо хоҳем дод.
Ёдрас мешавем, ки ин бозии ҳаштуми Суперҷоми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






