Лигаи футболи Тоҷикистон тарҳи бозиҳои Лигаи якумро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 20.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон бо баргузор кардани як ҷаласа бо намояндагони дастаҳои Лигаи якум дар қароргоҳи ФФТ тарҳи бозиҳои Лигаи якумро баррасӣ кард.
Тавре сомонаи ФФТ хабар медиҳад, бозиҳо дар Лигаи якум миёнаҳои моҳи апрел оғоз меёбанд ва қуръакашии тақвими мусобиқа 3 апрел баргузор хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки мусобиқа аз рӯи усули «ҳар кӣ бо ҳар кӣ» сурат гирифта, дар ду марҳала гузаронида мешавад ва он аз рӯи низоми Бергер тартиб хоҳад ёфт.
Аз рӯи низомнома ғолиби Лигаи якум ба Лигаи олии чемпионати мамлакат роҳхат мегирад. Соҳиби мақоми дуюм бо соҳиби ҷои ҳафтуми Лигаи олӣ дар бозии гузариш бо ҳам рақобат мекунанд.
Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд баъди ғалаба дар Лигаи дуюми минтақаи Суғд ба Лигаи якум роҳхат гирифт. Ду дастаи нав -«Сомон»-и Данғара ва «ФК-83»-и Душанбе ҳам дар Лигаи якум ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ба ғайр аз ин дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз литсензиякунонии Лигаи олӣ нагузаштанд, дар Лигаи якум ширкат меварзанд.
Лигаи футболи Тоҷикистон аз 27 март то 1 апрел литсензиякунонии варзишгоҳҳои дастаҳои Лигаи якумро ба роҳ мемонад.
Аз рӯи ҷадвал, 27 март ФФТ ва Лигаи футболи Тоҷикистон варзишгоҳҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Сомон»и Данғара, 28 март «Зарафшон» (Панҷакент), «Эсхата» (Хуҷанд), «Исфара» (Исфара), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), 1 апрел «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «ФК-83» (Душанбе)-ро аз назар мегузаронанд.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






