Маликшо Неъматов бо Габи Ромберг рушди соҳаи сайёҳиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 6 марти соли равон Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов дар бинои Сафорат бо Роҳбари ширкати олмонии бозорёбии сайру саёҳат хонума Габи Ромберг мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Габи Ромберг оид ба таҷриба ва имконоти ширкаташон, ки дар бозорёбӣ ва ташвиқи захираҳои туристӣ твҷрибаи бузург дорад, нақл намуда, омодагиашонро барои ташвиқу тарғиби Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ иброз дошт.
Сафири Тоҷикистон оид ба ҳолати кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва захираю имконоти мавҷудаи соҳа маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ширкати Ромберг лоиҳаи мушаххас оид ба ташвиқи захираҳои туристии Тоҷикистонро таҳия намуда, барои баррасӣ пешниҳод менамояд.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор гардид.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






