Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд, нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими наврӯзӣ дар боғи «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок варзиданд.
Дар боғи «Ваҳдат», ки чанд сол қабл бо ибтикороти наҷибонаву бевоситаи Пешвои миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкил ёфта буд, ҷашни аҷдодии халқҳои ориёитабор-Наврӯзи некпай, ки ҳамакнун мақоми байналмилалиро касб кардааст, ин иди бостонӣ комилан бо шаҳомати махсус таҷлил шуд. Зеро аз як ҷониб табиати афсункори ин боғ ва аз тарафи дигар таҳияи русуми аҷдодӣ аз тарафи бошандагони ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, базмгоҳи наврӯзиро дар ин мавзеъ диданиву фараҳафзо ва хотирмон сохтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинону меҳмонони сершумори маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров суханронӣ карда, бори дигар кулли ҳамватанон, сокинони вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ – Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, барои давлати соҳибистиқлоламон соли бобарор ва амалишавии иқдомҳои наву созандаро орзу карданд.
Дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки «Дар шабу рӯзҳои ҷашни Наврӯз суннати аёдати хешу табор ва аз аҳволи эҳтиёҷмандон бохабар шуда, Наврӯзу баҳорро табрик намудан дар фарҳанги мардуми мо ҷойгоҳи муҳим дорад. Бузургони мо ба ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат кӯмак кардан, Наврӯзро табрик гуфта, шод кардани дили онҳоро аз ҷумлаи амалҳои хайру савоб донистаанд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи нутқи пурмуҳтавои хеш, махсусиятҳои ин ҷашни зебоиро таъкид карда, зикр доштанд, ки «боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз қабили бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани дилҳо аз кинаву адоват, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳол, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбанд».
Дар ниҳояти суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаву кошонаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза тамано карданд. Қисмати интиҳоии маросими наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пешкаш кардани маросими ботантанаи идона, зери унвони «Корвони наврӯзӣ» ташкил дод. «Корвони наврӯзӣ» , ки маротибаи дуюм аст дар вилояти Суғд доир мегардад, бо шаҳомати тоза ва сатҳи баланду арзанда ҷараён гирифт.
Тибқи иттилои дастандаркорони ин чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ бештар аз 6 ҳазор нафар ҷалб гардиданд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотимон буд.





































Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон






