Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб

Март 21, 2017 09:10

ДУШАНБЕ, 21.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 марти соли 2017 таҳти раҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад ал-Ҷерман нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Аморот баргузор шуданд.
Масъалаҳои татбиқи минбаъдаи тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб моҳи марти соли 2016 ҳосил шуданд, инчунин тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои сиёсат, амният, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва логистика, илм, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина ҷонибҳо бар аҳамияти тақвияти нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии он дар наздиктарин фурсат дар АМА таъкид намуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Бастаи нави санадҳои дуҷониба мувофиқа карда шуд ва самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъйин гардиданд.
Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табодули назари судманд сурат гирифт.

Март 21, 2017 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид