Милитсия ҷиноятро пинҳон накардааст!
ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Оид ба куштори шаҳрванди ноболиғ, сокини шаҳри Турсунзода И.Н. 2 феврали соли равон Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нодуруст паҳн гашт, ки гӯё Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ҷинояти мазкурро пинҳон карда, ҳамчун ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта бошад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, аз рӯзи аввали содиршавии ин ҳодиса кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода онро пайгирӣ намуда, бевосита дар якҷоягӣ бо мақомоти Прокуратура дар кушодани ин ҷиноят иштирок намудаанд. Кормандони милитсия санҷишро баъди бақайдгирии ҳодиса бознадошта, аз рӯи фарзияҳо корро давом дода, чанд нафар шахсонеро, ки бо марҳум алоқамандӣ доштанд, мавриди пурсиши фаврӣ қарор доданд. Онҳо бо бурдани корҳои фаврӣ 09 феврали соли равон гумонбарони ин ҷинояти мудҳишро ошкор намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи Вазорат, милитсия ҳеҷ гоҳ ҷиноятро пинҳон намекунад ва ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки мушкилкушо ва ҳамроҳи мардум бошад.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар Прокуратураи генералӣ идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






