Муҳокимаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об дар иқоматгоҳи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD)

Март 13, 2017 11:45

ДУШАНБЕ, 13.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар иқоматгоҳи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) дар Париж мулоқоти намояндаи Сафорати Тоҷикистон бо масъулони бахши об ва рушду инкишофи сабз аз Мудирияти муҳитзистии ин созмони бонуфуз баргузор шуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд, зимни вохӯрӣ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гаштани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», 2018-2028 дар Маҷмаи умумии СММ муаррифӣ гардида, аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) баён карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳамкории кишварҳо баҳри татбиқи минбаъдаи ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ин созмони соҳибмартаба ва кишварҳои шомили он муҳим арзёбӣ мешавад. Намояндагони созмон эълом доштанд, ки мавзӯи муҳити зист ва хусусан масоили обӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти созмон маҳсуб шуда, ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ташаббуси навтарини байналмилалии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои тавсияҳои вобаста ба об, ки аз ҷониби Шӯрои мудирони ин созмон моҳи декабри соли 2016 тасдиқ гаштаанд,  низ созгор мебошанд.

Март 13, 2017 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст