Мурат Ҷумъакеев: «Истиқлол» аз «Дордой» беҳтар буд»

Март 15, 2017 16:21

ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи «Дордой» Мурат Ҷумъакеев баъди бохти дастааш аз «Истиқлол» бо натиҷаи 2:0 дар бозии нахустини Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «Д» дар нишасти матбуотӣ иштирок кард.
Сараввал Ҷумъакеев дастаи «Истиқлол»-ро бо ғалаба табрик карда, гуфт: «Ғалабаи имрӯзаи «Истиқлол» аз рӯи бозии сазовораш аст. Даста ниҳоят хубу пурқувват мебошад. Дар нимаи аввал дастаи мо он қадар бозии хуб нишон надод. Маҳорати фардии истиқлолиҳо бештар ба мушоҳида расид ва онҳо ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо бозингарони мо ба бартарӣ соҳиб буданд. Голи аввал аз ҷониби Маутор дар ҳолате зада шуд, ки дар майдони назди дарвоза касе аз муҳофизатгарони мо ҳузур надошт. Ин ҳолатро мо боз меомӯзем. Голи Ҷаҳонгир Алиев ҳам аз зери пои муҳофизатгари мо вориди дарвоза гардид.
Дар нимаи дуюм каме бозии футболбозони мо беҳтар гардид. Ин ҳам баъди ворид кардани тағйирот ба ҳайати даста ба мо муяссар шуд. Аммо шумораи 8-и «Истиқлол» (Нуриддин Давронов) дар ҳама қитъаи майдон ба мо имконият намедод, ки ҳуҷуми худро дуруст ташкил диҳем.
Мо то бозии ҷавобӣ ду ҳафта вақт дорем ва ин вохӯриро хуб омӯхта, хулосаи зарурӣ хоҳем баровард. Албатта, натиҷаи вохӯрии аввал ба бозиҳои оянда таъсир мегузорад, аммо дар пеш боз панҷ бозии дигар ҳаст ва ҳоло ягон даста имконияти ғолибиятро дар гурӯҳ аз даст надодааст.
Дар варзишгоҳе, ки пур аз мухлисон аст, бозӣ кардан гуворост. Мухлисон «Истиқлол»-ро арзанда дастгирӣ намуданд ва то анҷоми бозӣ ба ҳуҷум ҳидоят карданд. Бозӣ бисёр олӣ буд»,-ҷамъбаст кард Ҷумъакеев.
Ёдовар мешавем, ки 14 март дастаи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт дар ҳузури 16,5 ҳазор мухлис бар дастаи «Дордой» -и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Девид Маутор (16) ва Ҷаҳонгир Алиев (22) ба нишон расониданд.
«Истиқлол» бозии навбатиро 4 апрел бо чемпиони Туркманистон-дастаи «Алтин Асир» дар Ашқобод мегузаронад.

Март 15, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид