Мусобиқаи футбол бахшида ба ҷашни Наврӯз ва Соли ҷавонон дар Истанбул
АНҚАРА, 20.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 18 марти соли 2017 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз ва Соли ҷавонон байни дастаҳои донишҷӯён ва шаҳрвандони тоҷики муқими Истанбул мусобиқаи варзишӣ баргузор гашт.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мизробиддин Сафаров ва намояндаҳои дастаҳои иштирокчӣ сухан гуфтанд.
М. Сафаров иштирокчиёни мусобиқаро бо фарорасии иди баҳор табрик гуфта, онҳоро ба ватандӯстӣ, доштани ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ даъват намуд.
Дар мусобиқа шаш даста, аз ҷумла Консулгарии генаралӣ, соҳибкорони тоҷик, дастаҳои Донишгоҳи Бағчашаҳир, Донишгоҳи Истанбул, Донишгоҳи техникии Истанбул ва Донишгоҳи Мармара ширкат варзиданд.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






