Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт»
ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2017» ва Иди байналмилалии Наврӯз соати 14:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо иштироки 8 даста (Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1 Хатлон- 2 Суғд, ВМКБ, ШНТМ ва ноҳияи Рашт) дар ҳайати 32 нафар варзишгар баргузор мегардад.
Варзишгароне, ки дар ҳар як даври сабқат ғолиб меоянд, ба мукофотҳои пулию (барои ғолиби сабқати давраҳои якум, 300 сомонӣ, дуюм 400 сомонӣ, сеюм 500 сомонӣ, чорум 600 сомонӣ,барои ҷойи сеюм 700 сомонӣ ва ғолиби сабқатҳои ниҳоӣ 10 000 сомонӣ) молӣ (ҷом, диплом ва медал) сарфароз гардонида мешаванд.
Шоҳҷоиза барои ғолиби ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ дар вазнҳои 65-кило 10 ҳазор сомонӣ, 80 кило 10 ҳазор сомонӣ ва дар вазни ҷами 80 кило автомобил муайян гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2017» бошад, рӯзи 24-уми март,соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо иштироки варзишгарони (жоккер) аз 16- сола боло ва аспҳои 2 -сола,3- сола, 4 -сола ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ғолибон ва ҷоизадороне,ки дар масофаҳои муқарраргардида ҷойҳои якум,дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, бо тӯҳфаҳои пулию (аз 500-сомонӣ то 3000-сомонӣ) молӣ (ҷом, диплом ва медал) сарфароз гардонида мешаванд. Шоҳҷоиза барои ғолиби мутлақи пойгаи равон «Аспи зоти тоҷикӣ» муайян гардидааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






