«Нақши бонувон дар ҷомеаи муосир» — ҳамоиш дар ноҳияи Файзобод
ФАЙЗОБОД, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бо ташаббуси раиси Кумитаи ҳизб Абдулло Азизов бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки 30 нафар фаъолзанон ва собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия дар мавзӯи «Нақши бонувон дар ҷомеаи муосир» ҳамоиш доир гардид.
Дар маҳфил зикр гардид, ки модар ҳамчун офаридгори насли инсон ва равшангари роҳи онҳо дар ҷомеа мақому манзалати махсус дорад. Дар даврони истиқлолият мақоми зани тоҷик дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёфт. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» иқдоми ҷиддӣ дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҷомеа гашта, бори дигар ифодагари иродаи сиёсии роҳбарияти олии мамлакат ва эътимоду бовар ба қудрату садоқати зани тоҷик гашт.
Инчунин аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба бонувон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






