Намоишгоҳи байналмилалии туристии «Интурмаркет-2017» баргузор шуд

Март 13, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 март дар Маҷмааи «Крокус Экспо»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 12-умин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «Интурмаркет-2017» дар майдони 28000 метри мураббаъ мегузарад. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «Интурмаркет-2017» 1430 адад ширкати сайёҳии беш аз 30 кишвари дунё ва минтақаҳои Федератсияи Россия иштирок менамоянд.
Ҳамчунин зери роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ширкатҳои сайёҳии «Ҷавоҳир», «Ориент Адвентур», «Зарафшон Маҷестик Трэйвел», «Виркан-сайр», «Сари Хосор Тревел», Маҷмааи кўҳию лижаронии «Сафед-Дара» дар намоиши мазкур иштирок намуда, гӯшаи туристии Тоҷикистонро дар бозори сайёҳии Федератсияи Россия ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил муаррифӣ менамоянд.

Намоишгоҳи байналмилалии туристии «Интурмаркет – 2017» дар шаҳри Москва баргузор шуд 2 Намоишгоҳи байналмилалии туристии «Интурмаркет – 2017» дар шаҳри Москва баргузор шуд 3

Март 13, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст