Ғолибони мусобиқаи гӯштини «Ҷоми пойтахт-2017» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» ва иди байналмилалии Наврӯз баргузор гаридид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар мусобиқаи мазкур 8 даста: Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1 Хатлон-2, Суғд, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати 32 нафар варзишгар иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқа барои «Ҷоми пойтахт» ва иди байналмилали Наврӯз дар се вазн: 65-80 ва +80- кило байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Орифҷон Додов дар вазни 65 кило сазовори 10 ҳазор сомонӣ ва «Ҷоми пойтахт» гардид. Дар вазни 80 кило бошад Беҳрӯз Хаҷазода ғолиб гардида, шоҳҷоизаи дуюм 10 ҳазор сомониро ба даст овард. Сайдҷалол Саидов дар вазни ҷамъи 80 кило шоҳчоизаи мусобиқаро ба даст оварда, сазовори автомобили тамғаи «Mercedes Benz» шуд.





















Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






