Ҷоми ҷаҳон-2018: даври 7-ум дар Осиё ҷамъбаст шуд

Март 30, 2017 17:37

ДУШАНБЕ, 30.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Марҳалаи сеюми бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон -2018 дар ду гурӯҳ дар қитъаи Осиё идома дорад. Дар даври 7 ин ҳафта дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Эрон баъди ғалабааш дар варзишгоҳи «Озодӣ»-и шаҳри Теҳрон бар дастаи мунтахаби Чин бо натиҷаи 1:0 мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ устувор кард. Кореяи Ҷанубӣ ҳам бо ҳамин натиҷа дастаи мунтахаби Сурияро мағлуб кард ва футболбозони Ӯзбекистон низ дар баробари Қатар дар шаҳри Тошканд бо ҳисоби 1:0 ҳарифи худро мағлуб карданд. Чор имтиёз бештар доштани дастаи мунтахаби Эрон ба онҳо имконият медиҳад, ки пеш аз муҳлат роҳхатро ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон 2018 ба даст оранд.
Дар гурӯҳи «В» мунтахаби Япония баъди пирӯзии чашмрас бо ҳисоби 4:0 бар дастаи мунтахаби Таиланд аз рӯи шумораи тӯбҳо ба зинаи аввали ҷадвали гурӯҳи «В» баромад ва бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ имтиёзи баробар дорад.
Арабистони Саудӣ дар даври 7-ум Ироқро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Дастаи мунтахаби Австралия, ки дар марҳалаи дуюми бозиҳои интихобӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ қарор дошт, дастаи мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Арабро бо нишондоди 2:0 шикаст дод ва зинаи сеюмро ишғол менамояд.
Натиҷаи бозиҳои даври 7-уми Ҷоми ҷаҳон2018 дар гурӯҳҳои Осиё:
Гурӯҳи «А»
Эрон Чин 1:0
Кореяи Ҷанубӣ Сурия 1:0

Ӯзбекистон – Қатар 1:0

 

 

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
Эрон 7 5 2 0 6-0 17
Кореяи ҷанубӣ 7 4 1 2 9-7 13
Ӯзбекистон 7 4 0 3 6-4 12
Сурия 7 2 2 3 2-3 8
Чин 7 1 2 4 3-7 5
Қатар 7 1 1 5 3-8 4

 

Гурӯҳи «В»

Япония – Таиланд  4:0

Арабистони Саудӣ – Ироқ 1:0

Австралия – Амороти Мутаҳидаи Араб 2:0

 

Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
Япония 7 5 1 1 14-5 16
Арабистони Саудӣ 7 5 1 1 13-5 16
Австралия 7 3 4 0 11-6 13
Амороти Мутаҳидаи Араб 7 3 0 4 7-10 9
 Ироқ 7 1 1 5 7-10 4
Таиланд 7 0 1 6 3-19 1

 

Бозиҳои даври 8-ум 12-ум ва 13-уми июн гузаронида хоҳанд шуд.

 

 

 

Март 30, 2017 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад