Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст!
ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти касбӣ ҷамъомад доир гардид.
Тавре сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода иброз намуд, «имрӯз соҳаеро наметавон пайдо кард, ки дар он намояндагони ҷинси латиф фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Дар ин замина боиси сарфарозист, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ низ чун дар дигар бахшҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ шумораи зиёди занон-модарон содиқона пайи адои хизмати пуршараф мебошанд. Аз ҷумла, дар Академияи ВКД, ки махзани илму дониш ва макони фарҳангу маърифат мебошад, теъдоди зиёди бонувон дар тамоми самтҳои фаъолияти хизматӣ заҳмат мекашанд, ки қисме аз онҳо бо рутбаҳои низомӣ ва унвонҳои баланди илмӣ дар кори таълиму тарбияи ҷавонон нақши муҳим доранд».
Дар қисмати ниҳоии ҷамъомад ба тамоми занон-кормандон ва ҳайати ин муассисаи таҳсилоти касбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






