Пешвои миллат: «Бо кӯшишу талошҳои муштарак мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ кумак расонем»
ДУШАНБЕ, 7.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба наврасону ҷавонон омӯзонидани муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳое мебошанд, ки ба мустаҳкам шудани оила мусоидат менамоянд. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори Рӯзи Модар иброз намуданд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, барои бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ба навхонадорон зарур аст, ки мазмуну муҳтавои ин қонунҳоро ҷиддӣ аз худ намуда, маърифати оиладории худро ҳарчи бештар баланд бардоранд.
«Аҳли ҷомеа бояд дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии вайроншавии оилаҳо тадбирҳои доимии тарбиявӣ андешанд. Бовар дорам, ки бо кӯшишу талошҳои муштарак мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ кумак расонем ва риояи анъанаҳои миллии оиладориву солимии ҷомеаро таъмин намоем»,- гуфтанд Роҳбари давлат.
Ҳамчунин аз ҷониби фарзандон нигоҳубину ғамхорӣ намудан дар ҳаққи падару модар тавассути Конститутсия танзим гардида, дар ин асос дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр шудааст, ки фарзанди болиғ ва қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин карда, онҳоро дар пиронсолӣ аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






