Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон иди Наврӯзро пуршукӯҳ таҷлил кард

Март 25, 2017 11:03

ДУШАНБЕ, 25.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон 23 март барои намояндагони вазорату идораҳои гуногун, муассисаҳои олии таълимӣ, зиёиёни илмиву эҷодии Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳайати дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва зиёиёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон истиқомат мекунанд, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз қабули расмӣ ташкил карда шуд.
Дар ин рӯз ҳавлии Сафорат ба фазои фарҳангу таърихи ҳазорсолаи тоҷик табдил дода шуд. Меҳмонони маросим бо анъанаҳои асосии ҷашни Наврӯз шинос карда шуданд.
Дар назди меҳмонон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Сӯҳроб Олимзода сухан гуфт. Сафир ҳамчунин зикр намуд, ки ҷашни қадимии Наврӯз мутобиқи қатъномаи СММ иди байналмилалӣ эълон гардида, ҳар сол 21 март дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
«Наврӯз  оғози зиндагии нав буда, таҷассуми пирӯзии некӣ бар бадӣ, таблиғгари ғояҳои некӣ, меҳрубонӣ, дӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад»,-иброз  дошт Сафир.
Махсусан ба меҳмонон барномаи консертӣ писанд омад. Дар рӯзи ҷашн  донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии олии гуногуни Қирғизистон таҳсил менамоянд, барои меҳмонон санъати волои худро нишон доданд.

Март 25, 2017 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд