Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони додани пора ба кормандони милитсия дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар марди 25, 50 ва 58-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони додани пора ба кормандони милитсия дастгир гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гумонбаршудагон барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани пешдастгиршудагон- марди 53 ва ҷавони 22-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои содир намудани ҷинояти вазнин гумонбар мешаванд, ба кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба миқдори 7 ҳазору 480 доллари амрикоӣ, 60 ҳазору 700 сомонӣ ва 10 ҳазор рубли русиро ҳамчун пора пешниҳод намудаанд. Аз гумонбаршудагон далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






